Дар Бохтар Фестивали лимӯ доир гардид
Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар Фестивали лимӯ баргузор гардид, ки дар он даҳҳо навъи ин меваи ситрусӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар Фестивал меҳмонон аз Федератсияи Россия низ иштирок доштанд.
Мақсад аз баргузории Фестивали лимӯ равнақ додани соҳаи мазкур дар кишвар мебошад. Лимӯ дар Тоҷикистон аз солҳои 1930 парвариш шуда, кишоварзони маҳаллӣ дар парвариши он таҷрибаи бой доранд.
Парвариши лимӯ дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон — Ҷайҳун, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён, Кӯлоб, инчунин дар водии Ҳисор ва ҳатто дар шимоли кишвар ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.