Ширкатҳои сохтмонии НОБ-и «Роғун» ба сокинони бекори Бадахшон 2590 ҷойи кори холиро пешниҳод намуданд

Дар шаҳри Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод доир гардид, ки дар он 14 ширкати пудратчии НОБ-и «Роғун» ширкат варзида, 2590 ҷойи холии корӣ ва вазифаҳои озодро барои шаҳрвандони бекори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод намуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.

Дар ярмаркаи мазкур, ки бо мусоидати Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилоят сурат гирифт, дар баробари пешниҳоди ҷойҳои корӣ, инчунин барои касбомўзон гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд, ки аз фаъолияти хуби муассисаҳои касбӣ далолат медод.

Тибқи иттилои сардори Раёсти Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилоят Ҷаббори Қосим, аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии НОБ — и «Роғун» дар маҷмӯъ зиёда аз 2590 ҷойи кори холӣ пешниҳод шуда, баъди ба кор қабул шудани корҷӯён ҳаққи маоши онҳо аз 2500 то 3000 сомонӣ ва зиёдтар ташкил медиҳад. Бар замми ин, барои онҳо тамоми шароитҳои аввала муҳайё шуда, кормандон дар иншооти сохтмонии сохташаванда 15 рӯзи корӣ ва 15 рӯзи истироҳат доранд.

Сардори Раёсати кадрҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи НОБ-и «Роғун» Сайдулло Абдулаҳадзода иброз намуд, ки бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бо ҷойи кор таъмин намудани сокинони мамлакат дар НБО-и «Роғун» низ пайваста ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод доир мегардад.

Мавсуф тазаккур дод, ки мақсади асосии ярмарка ин бешар ҷалб намудани ҷавонон бо ҷойи кор буда, айни ҳол дар НБО-и «Роғун» зиёда аз 12 ҳазор коргар фаъолият мекунанд, ки 300 нафарашон зодагони ВМКБ мебошанд. Ният дорем, ки бештар ҷавонони вилоятро ба кор ҷалб намоем, зеро онҳо қобилияти хуби корӣ доранд.

Ба таъкиди номбурда дар нерӯгоҳи мазкур 40 ширкат фаъолият дошта, ҳар як ширкат бояд барои ҷалби мутахассисон, пеш аз ҳама, шароити иҷтимоиро ба назар гирад. Бинобар ин, кормандони мо ҳамеша бо хобгоҳ, се вақт хўроки гарм ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Шахсоне, ки воқеан хоҳиши кор кардан дар нерўгоҳро доранд, бояд дар раёсати Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилоят худро номнавис намоянд.

Бояд гуфт, ки ярмаркаи мазкур бо иқдоми Роҳбарияти Олии мамлакат на танҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, балки дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ пайваста гузаронида мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE