Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт биноҳои маркази саломатӣ, беморхонаи марказӣ ва маркази ташхису табобатиро мавриди истифода қарор доданд

13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маркази саломатӣ, беморхонаи марказии дуошёна ва маркази ташхису табобатии сеошёнаро пас аз сохтмон ва навсозии биноҳои мавҷуда мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмону навсозии биноҳои беморхонаи марказӣ дар доираи лоиҳаи инвеститсионии давлатӣ бо харҷи 90 миллион  сомонӣ маблағҳои дохилӣ ва сармояи хориҷӣ анҷом дода шудааст.

Дар ин биноҳо шуъбаҳои гуногуни ташхисиву табобатӣ, аз ҷумла таваллудхонаи муосир бо навтарин техникаву таҷҳизот ҷойгир шудааст, ки дар маҷмуъ дорои 188 кати хоб  мебошад.

Маркази ташхису табобатӣ аз шуъбаҳои қабул, ёрии фаврии тиббӣ, ташхисӣ, озмоишгоҳ, шуъбаи ҷарроҳӣ, таваллуд, шуъбаи акушерӣ, кӯдакона, калонсолон ва табобати интенсивӣ бо иқтидори 60 кати бистарӣ иборат мебошад.

Дар доираи амалишавии лоиҳа навсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, барқ ва сохтмони иншоот барои истеҳсоли гази табобатӣ ё худ оксиген ба анҷом расонида шудааст.

Дар доираи Лоиҳаи мазкур иншоот бо мебел ва асбобу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, аз ҷониби пудратчӣ – ширкати сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ ва таъмиру навсозии иншоот баҳои баланд дода, табибонро ба сифатнок анҷом додани рисолати касбии худ ҳидоят намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE