Дар шаҳри Душанбе ҳамоиш бахшида Рӯзи ҳуқуқи инсонбаргузор гардид
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи милли Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ва 15 солагии таъсисёбии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмии ватанӣ, донишҷӯёни макотиби олӣ, васоити ахбори омма, роҳбарият ва кормандони мақомот ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи ҳамоиш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ҳозиринро ба муносибати ин рӯз шодбош гуфта, қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҳамасола тибқи муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” Рӯзи ҳуқуқи инсонро таҷлил менамояд. Иштирокчиёни ҳамоиш дар доираи мавзӯҳои пешниҳодшуда фикру ақидаҳои худро баён намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати созанда ва ободкоронаи Сарвари давлати тоҷикон вазифаи ҳар як фарзанди баору номуси ватан мебошад.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе