Аввалин пирӯзии Уругвай дар Ҷоми Амрико-2021
Бозиҳои даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Амрико ба поён расиданд, ки дар он мунтахаби Боливия бо тими миллии Уругвай ва Чили бо Парагвай бозӣ намуданд. Ин дидор дар шаҳри Куябаи Бразилия баргузор шуда, бо натиҷаи 2:0 ба фоидаи Уругвай хотима ёфт. Тими миллии Уругвай дар дақиқаи 40-ум пас аз голи худголи Карлос Лампе ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 79-ум, Эдинсон Кавани ҳисобро 2:0 карда, нуқтаи ниҳоиро дар бозӣ гузошт. Дар бозии дигари гурӯҳи “А” тими миллии Чили аз дастаи Парагвай бо натиҷаи 2:0 дучори бохт шуд. Ҳамин тавр Тими миллии Уругвай бо 4 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷои севум баромад. Тими миллии Боливия, дар навбати худ, дар ҷои охирин монд ва то ҳол ягон хол ба даст наовардааст. Ёдовар мешавем, ки мусобиқа ибтидо бояд дар Аргентина ва Колумбия баргузор мешуд, аммо бинобар эътирозҳо дар Колумбия ва вазъи хавфноки эпидемиологӣ дар Аргентина ба Бразилия гузаронида шуд.
Ҷоми Амрико-2021
Гурӯҳи А
Боливия — Уругвай — 0:2 (0:1)
Голҳо: Лампе, 40 (худгол) (0:1). Кавани, 79 (0:2).
varzishtv.tj