Китоби «Фарҳанги истилоҳоти ирфонӣ ва таъбироти арабии ашъори Камоли Хуҷандӣ» ба нашр расид
Дар вилояти Суғд китоби нави «Фарҳанги истилоҳоти ирфонӣ ва таъбироти арабии ашъори Камоли Хуҷандӣ» ба табъ расид. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Китоби мазкур бо кӯшиши гурӯҳи муаллифон – кормандони Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Абдулҳаким Ғафуров, Баҳром Раҳматов, Иззатбек Шехимов ва Абдураҳим Ҳоҷибоев омода ва ба нашр расидааст.
Тавре директори муассиса Баҳром Раҳматов иброз намуд, Шайх Камол аз чеҳраҳои адабӣ ва ирфонии машҳур ба шумор рафта, шеъраш дар партави ашъор ва осори рамзгароёнаи орифони пешин суруда шудааст. Ҳамзамон ӯ бисёр масоили назариву амалии ирфониро дар қолаби андешаҳои манзуми орифона такмилу тавсеа бахшидааст. Аз ин рӯ, баррасии решаҳои ирфонӣ ва андешаҳои шоиронаи ӯ аз масоили муҳими камолшиносӣ маҳсуб шуда, дар кори пажуҳиши ашъор ва орову андешаҳои шоир марҳилаи нав ба ҳисоб меравад.
Китоби «Фарҳанги истилоҳоти ирфонӣ ва таъбироти арабии ашъори Камоли Хуҷандӣ» шарҳу тавзеҳи 52 истилоҳи ирфонӣ ва таъбири арабиро фарогир буда, аз 268 саҳифа иборат мебошад.
Ин асар кори муқаддамотӣ дар роҳи фаҳмотар шудани маънии ниҳонии ашъори Камоли Хуҷандӣ мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд