Меҳроҷ Камолов дар Чемпионати кушод оид ба ҷиу-ҷитсу дар Чин соҳиби чор медали тилло гардид
13 январ варзишгари тоҷик Меҳроҷ Камолов дар Чемпионати кушод оид ба ҷиу-ҷитсу, ки дар шаҳри Гуанчжои Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид, соҳиби 4 медали тилло гардид. Дар ин бора дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Чемпионати мазкур аз 6 то 8 январ баргузор гардида, Меҳроҷ дар ду вазн — 80 кг аз намуди ҷиу-ҷитсу ва 82 кг аз намуди Гран- При баромад намуда, дар ду вазни мазкур соҳиби 4 медали тилло шуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Меҳроҷ Камоловро президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи кишвар Раҷабалӣ Турсунзода, дӯстону наздикон, ҳаводорон ва хабарнигорон пешвоз гирифтанд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон