6 май бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2023 дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад
Бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футбол миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб 6 май дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Замони оғози бозӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Аъзои Кумитаи иҷроияи ФФТ 13 январ дар нахустин ҷаласаи Комиҷроия зимни баррасии нақшаҳои мавсими нав ба Раиси вилояти Суғд ва Федератсияи футболи вилояти Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат карданд, то қабл аз оғози мавсими нав барои таъмини таҷҳизоти равшандиҳӣ дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд мусоидат намоянд.
Дар ин ҷаласа Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб макони баргузории бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 тасдиқ шуд.