Муовини раиси Шӯрои байниҳукуматии ИДМ Иван Кузмин бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 24 декабри соли 2022 барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои тухмипарварӣ Иван Кузмин бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар доданд.

Ба ин муносибат 18 январ дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия  маросими тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Сафири ҶТ дар ФР Давлатшоҳ  Гулмаҳмадзода ба Иван Кузмин мукофоти давлатии Тоҷикистонро тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таваҷҷуҳи раҳбарони бахши кишоварзии кишварро ба сифати тухмӣ ҷалб карда буданд.

«Сифати тухмӣ яке аз талаботи асосии агротехникӣ мебошад, ки ҳосили баланд ва устувори зироатро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, омӯзиши маводи тухмӣ аз ҷониби Академияи илмҳои кишоварзии кишвар хеле муҳим аст, зеро ҳосили баланд аз тухмии солим маншаъ мегирад», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE