Дар Душанбе масъалаи татбиқи иқтисоди «сабз»-ро баррасӣ намуданд

Масъалаи амалигардонии бандҳои «Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» зимни вохӯрии муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода бо сардори шуъбаи муҳити зисти Департаменти иқтисодию экологии Дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе Муҳаббат Камарова баррасӣ гардид. Дар ин бора дар кумитаи мазкур хабар доданд.

Зарафо Қиёмзода зимни мулоқот ба намояндаи Дафтари САҲА дар Душанбе ҷиҳати ҳамкории судманд бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва саҳми муносиб гузоштан дар беҳдошти муҳити зист изҳори сипос намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамкории дуҷонибаи судманд Дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе ба чопи маводи маърифатию иттилоотие, ки аз ҷониби кормандони Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерӣ таҳия карда шудаанд,  ёрии ҳамаҷониба мерасонад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо тавсеаи ҳамкории судмандро ҷиҳати амалигардонии бандҳои Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, андешидани тадбирҳо ҷиҳати амалигардонии иқтисоди сабз, иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Конвенсияи Орхус дар соли 2023 мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE