Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатар баргузор гардид
5 май дар шаҳри Душанбе даври навбатии машварати сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар баргузор гардид. Дар ин хусус дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни машварат тарафҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, ҳуқуқӣ, фарҳанг, илму маориф ва тандурустӣ, инчунин ҳамкории ду давлат дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Ҳайати ҷонибҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар роҳбарӣ карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон