Тарғиби ҳамаҷонибаи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат дар идораву муассисаҳои Бадахшон ба роҳ монда шуд

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамоише дар заминаи шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  ҳамчунин фаъолияти соҳаи иҷтимоии вилоят, тарғиби ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи риояи забони давлатӣ» дар идораву муассисаҳо, ба шуғл фаро гирифтани занону бонувон, ҷалби ҷавонони вилоят ба тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва беҳбуд бахшидан ба таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот нахуст аз нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар баробари дигар самтҳои хоҷагии халқ дар Паём таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба рушди иҷтимоӣ, хусусан бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва муҷаҳҳаз бо шароити ҳозиразамон ҷалб равона гардидааст. Дар Паём диққати асосӣ ба баланд бардоштани мақому манзалати занону ҷавондухтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда равона гардида, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «ман ба неруи созандаи ҷавонону бонувони мамлакат боварӣ ва эътимоди калон дорам».

Ҳамчунин Раиси вилоят ба муовинони идеологии шаҳру навоҳии вилоят, шуъба ва бахшҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла занону ҷавонон, маорифу Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти корӣ, риояи интизоми меҳнат ва дар сатҳи баланд донистани забони давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дастур дода шуд, ки сохторҳои марбута бояд вобаста ба фаҳмонидани ҳар банди Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраку деҳот кор бурда, сокинонро аз рушду пешрафти шаҳру навоҳии вилоят воқиф гардонанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE