БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН: Қазоқистон ба қоидаҳои вуруд ва будубоши муҳоҷирон тағйиру иловаҳо ворид мекунад

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври муваққатӣ ё доимӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон истиқомат доранд, расонида мешавад, ки аз 27 январи соли 2023 Ҳукумати Қазоқистон ба қоидаҳои вуруд ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ тағйиру иловаҳо ворид менамояд. Тибқи тағйиру иловаҳои нав, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон 90 рӯзи тақвимӣ (се моҳ) давоми ҳар 180 рӯзи тақвимӣ (шаш моҳ) будубош намоянд. Дар ин бора Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато хабар медаҳад. 

Ёдовар мешавем, ки тибқи шартномаи байниҳукуматӣ дар бораи будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони Тоҷикистон аз уҳдадории бақайдгирӣ дар мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Қазоқистон  давоми 30 шабонарӯз аз санаи вуруд озод мебошанд. Дар сурати будубоши зиёда аз 30 шабонарӯз шаҳрвандони Тоҷикистон худро бояд дар политсияи муҳоҷирати Қазоқистон ба қайд гузоранд. Бақайдгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳлати на зиёда аз 90 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба роҳ монда мешавад.

Маҳдудияти нав нисбат ба шаҳрвандоне, ки тибқи тартиби муқарраршуда иҷозатномаи иқомати муваққатӣ гирифтаанд, татбиқ намегардад.

Тағйироти нав аз 27 январи соли 2023 қувваи эътибор пайдо мекунанд.

АКС аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE