Абдулло Орипов ба Тоҷикистон омад

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазиранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE