Пас аз 25 сол: Боздошти зане бо гумони ғорати тақрибан 600 миллион доллар
Зане, ки тақрибан 600 миллион доллари бонкро ғорат карда буд, пас аз 25 сол дар Чин боздошт шуд. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg иттилоъ медиҳад.
Мақомот дар шаҳри Юэкин гуфтаанд, ки дар соли 1997 аз ширкати China Construction Bank Corp Чен Йил ном хазиначии 26-сола, тақрибан бо 3,98 миллион юан (бо қурби кунунӣ 587 000 доллар) нопадид шудааст.
Пас аз боздошт маълум шудааст, ки Чен Йил ба ивази «даҳҳо ҳазор юан» дар наздикии Венчжоу ҷарроҳии пластикӣ кардааст ва дар Шанхай ба номи Ҷян Муҳон шиносномаи нав харидааст. Зан пас аз он муошират бо шавҳарашро қатъ карда, ба Гуандун кӯчидааст ва дар он ҷо дубора, бо номи нав издивоҷ кардааст. Ӯ дар ин муддат соҳиби фарзанд ва тиҷорате бо фурӯши маҳсулоти тозакунӣ гардидааст.
Чен Йилро аз моҳи декабри соли гузашта пайгирӣ кардаанд. Ин зан ба як қатор ҷиноёт, аз ҷумла фасод, тақаллуби ҳуҷҷатҳо ва полиандрия муттаҳам мешавад. Чӣ тавр дақиқ ӯро ёфтанд, полис хабар намедиҳад, танҳо маълум аст, ки падараш дар соли 1997 дар бораи ҷиноят хабар додааст. Чен тавонист танҳо бо 400 000 юан фирор кунад, боқимондаи пул дар хона ва дар ҳисобҳои хешовандонаш будааст.
Айбдоршаванда изҳор доштааст, ки пулҳои дуздидашударо зуд сарф кардааст, вале ба тиҷорати худ даромадааст. Ба гуфтаи вай, омода аст, ки тамоми хисоротро ҷуброн кунад.