Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳои илмиро баррасӣ намуданд
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо раиси Маркази таъомулоти байналмиллалии илму фанноварии муовинати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раёсати Эрон Амирҳусайни Мирободӣ мулоқот намуд. Дар мулоқот масъалаи фароҳам овардани заминаи ҳамкории мутахассисону пажӯҳишгарони ду кишвар баррасӣ шуд.
Мулоқоти тарафҳо зимни боздид аз намоишгоҳи доимии маҳсулоти Эрон дар Хонаи навоварӣ ва фанноварии Эрон дар Теҳрон ( iHIT ) сурат гирифт.
Зимни мулоқот, Амирҳусайни Мирободӣ густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ таъкид намуда, зикр дошт, ки барои фароҳам кардани заминаи ҳамкории мутахассисону пажӯҳишгарони ду кишвар зарур аст, ки ин бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тафоҳумномаи расмӣ ба имзо расад.
Номбурда дар идома қайд намуд, фарҳангу забони муштарак- омили аслии шаклгирӣ ва пойдории равобит миёни ду кишвар аст . Пас бояд талош кунем бо шинохти дуруст аз ниёзҳои фановаронаи ду тараф таърифи пружаҳои муштараки илмӣ ва фанноварии низомманди миёни ду кишварро оғоз кунем .
Гуфта шуд, ки бо тавваҷуҳ ба вуҷуди иртибототи расмии Эрон бо Академияи илмҳои кишварҳои гуногун пешниҳод мекунем, ки тафоҳумномаи расмӣ бо Академияи илмҳои Тоҷикистон имзо шавад ва пружаҳое барои ҳамкории муштарак дар заминаи омӯзиш қарор гиранд.