Сада-паёме аз даврони куҳан

Як хусусияти муҳимтарини менталитети миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ин аст, ки тайи ҳазорсолаҳо эҳсоси хушбинӣ ба зиндагонии бароҳату хушбахтона,эътимод ба ояндаи неку умедбахшро ҳатто дар мушкилтарин лаҳзаҳои рӯзгор аз даст надод ва дар лобалои таърихи саршор аз шебу фарозҳо ҷашнвораҳое офарид, ки умри ҷовидона ёфтанду арзиши фаромиллӣ касб намуданд. Сада аз ҷумлаи чунинҷашнвораҳост, ки қарнҳои тӯлоние ҷашн гирифта мешуд ва дар сатҳи шаҳриёрон ва мардуми оддӣ пазируфта шуда буд. Шоирони садаи 10 Манучеҳриву Унсурӣ ин ҷашнро «русуми кибор (бузургон), ойини Каюмарсу Исфандиёр, ҷашни мулук (шаҳриёрон)-и номдор ва ёдгор аз Ҷамшеду Фаридун» донистаанд. Фарҳангшиноси шинохтаи тоҷик Ҷонибек Асрориён дар навиштае барҳақ қайд мекунад, ки дар ҷашнвораҳое чун Сада, Меҳргон ва Наврӯз мардум саъймекарданд худро аз ботин ба некӯӣ тағйир диҳанд, орзую ормонҳо кунанд, либоси навин ба бар намоянд, мусикиву суруд биёфаранд, ба арвоҳи гузаштагон дуо бихонанд.

 Барои маросими Сада аҷдодонамон мавзеъҳои хос созмон медоданд.Ҷашнгоҳҳо бо бозору раставу дӯконҳо муҷаҳҳаз буданд.Дар парастишгоҳҳои аҳамияти ҳарбиву тиҷоратӣ ва парастишидошта оташкадаҳобунёд мекарданд. Масалан, дар соҳили рӯди Вахш дар аҳди Ҳахоманишиён истеҳкоме бунёд карда буданд, ки имрӯз бо номи шартии Тахти Сангин маъруф аст. Дар маъбади ба эҳтироми эзиди Оахшо сохтаашон ҳамеша оташи муқаддас фурӯзон буд. Мӯбадон намегузоштанд, ки он лаҳзае  хомӯш шавад, бинобар ин, барои нигаҳдории оташ аловхонаҳо ва оташдонҳо месохтанд. Ақвоми ориёӣ ба ҳикмат асрори оташро дарёфтанд. Онҳо нахуст Офтоброчун мазҳари гармиву рӯшноӣ арҷ гузоштандва оташро тимсоли он шинохтанд, ба рӯшаниву гармӣ хосиятҳои муқаддасу писандидае пайвастанд.

 Дар Қаротегину Дарвозу бисёр деҳоти Кӯлоб мардумшиносон аловхонаҳои зиёде ёфтанд, ки то солҳои 30-и садаи гузашта барҷой буданд. Дар сармои зимистон дар ин аловхонаҳои дудхӯрда  аксаран мардон барои ибодату суҳбату ҳолпурсӣ аз ҳамдигар ҷамъ меомаданд. Барои мардуми Бадахшон низ оташдон ҷойи муқаддас, меҳроби хонадон дониста мешуд. Маросими сӯгворӣ бо номи «Чароғравшан» аз гиромидошти ин унсури муқаддас аз ҷониби онҳо гувоҳӣ медиҳад.Аловхонаҳо дар куҳистони тоҷикон то густариши ислом вуҷуд доштанд.

Ба андешаи Абӯрайҳони Берунӣ-яке аз бузургтарин мутафаккирони тоҷик, иди «Озарҷашн»-ро қадимиён оғози зимистон дониста, оташҳои бузурге дар хонаҳо меафрӯхтанд ва Худовандро ибодату ситоиши зиёд мекарданд. Яъне ниёгони мо оташро намепарастиданд, балки ба он чун тимсоли Офтоби ҷаҳонафрӯз эҳтиром мегузоштанд. «Озарҷашн» ба рӯзи нахустини чила рост меомад. Барои ин рӯз меваи хушк-мавиз, анҷир, тут, зардолу, равғани зарду қурут, мосту шир омода мекарданд. Ба хотири нахустин шаб миёни каҳу каҳдарзаҳодар ҷойҳои хосса анор, чилон, санҷид ва тарбузи чилагӣ нигоҳ медоштанд, то рӯйи дастурхон бигзоранд. 

 Сада бо тавлиди Офтоб, шаби Ялдо дар пайвастагист. Яъне метавон гуфт, ки Садаҷашни чилаи Хуршеди оламтоб аст. Анъанае дар мардуми мост, ки аз рӯзи таваллуд то чиҳил рӯз навзодро дар хона, дур аз чашми бад нигоҳ медоранд. Ва баъде, ки хандонрӯмешавад, гаҳворабандон мекунанд, пасон бо оташи Сада гарм мекунанд.Ҷонибеки Асрориён-муҳаққиқи шинохтаи таърихи фарҳанги тоҷикон ба таъбири шоиронаСадаро «гаҳворабандони Офтоби ҷаҳонтоб»номидааст.

 Гузаштагони мо русуми ғалатӣ доштанд:рӯзи ҷашнҳо дар бухориву сандалиҳо гарм мешуданду-7 шамъ меафрӯхтанд, ғизоҳои аз рӯйи мизоҷ гарми ҷашние, амсоли қурутоб,умоч, далда ва кашк мехӯрданд. Дар ин рӯз ба хонаи хирадмандон мерафтанд, бо ёрон машварату бо душманон оштӣ  мекарданд. Духтарон дар матоъҳои сурху гулобии нишонаи оташдошта нақшу нигор медӯхтанд, яъне меҳру самимият, орзую ормони худро дар матоъ таҷассум мекарданд.

 Дар арафаи Сада, ки «Баҳманҷана» ном дошт, бонувони пешини тоҷик ба деги калоне аз ҳама рустаниву донагиҳо ва тухмҳову гӯштҳои ҳар ҳайвоне андохта мепухтанду ба ҳар ҷое мефурӯхтанд. Мардум баҳмани сурхро бо шири тоза мехӯрданд ва муборак медонистанд. Мардон дар майдони калоне ҳезум ҷамъ оварда, ба он нафт мепошиданд ва гулхани калоне меафрӯхтанд.Баъдан ба пойи мурғону бадани ҳайвонот пахтаҳои нафтолуда овехта, аз назди гулхан мегузаронданд ва аз безобитаю ҷонсаракшавии ин мурғону ҳайвоноти оташгирифта завқу хушҳолӣ мекарданд,суруд мехонданд, арғушт мерафтанд, бояд гуфт, ки Берунӣ маҳз ҳамин маросими азият додани ҷонваронро хуш надошт ва сахт накуҳиш карда буд…

 Сада паёме аз даврони куҳан, аз ихтирои бузурги инсоният асту намунаи барҷастаи ҳикмати ҷаҳонтасхири ниёгони номвари мост. Ва боиси ифтихору фараҳмандии мост,ки бо ибтикору дастурҳои хирадмандонаиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ҷашнвораҳои аҷдодони накӯноми мо дар 31 соли истиқлоли давлатиамон аз нав эҳё гардиданд. Мардуми сарфарози мо онҳоро бо дилгармиву самимият ва хушҳолии беандоза ҳарсола ҷашн мегирад.

  Лозим ба таъкид аст, ки дар тарғиби ҷашнвораҳои миллӣ нақши матбуоти даврию соҳавии кишвар ва хосса Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон хеле бузург аст. Маҳз бо талошу заҳматҳои кормандони ин ниҳоди бузургу муҳими итиллоотӣ мардум ба дарки арзиши фаромиллии офаридаҳои маънавии ниёгон мерасанд ва дар зеҳнашон муҳаббату самимият ва садоқат ба ин арзишҳои миллӣ устувору мондагор мегардад. Ҳайати эҷодии Кумита ҳамасола ҷараёни таҷлили тамоми ҷашнвораҳои миллӣ, минҷумла Садаро, дар ҳар гӯшаву канори Ватани биҳиштгунаамон дар сатҳи баланди касбӣ инъикос намуда, дар таҳкими сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоистаи таҳсин мегузоранд.

Шл      Фирӯз Каримзода-сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”,     Бариев Хуршед –муҳаррири варзида радиои “Садои Душанбе” 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE