Абдуқодирзода: имсол рафтани Ҳаҷ фарз нест! Чаро?

Арабистони Саудӣ эълом намудааст, ки соли 2021 наметавонад зоирони хориҷиро барои адои маросими ҳаҷ қабул кунад.  Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ин тасмимро чунин шарҳ дод:

«Имсол низ Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мусулмонони  ҷаҳонро барои рафтани ҳаҷ манъ кардааст ва қабул намекунад. Дарвоқеъ, барои ҳеҷ фарди Тоҷикистон имсол рафтани ҳаҷ фарз нест, ба хотире, ки дар ин  сафар монеа ва хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад. Гап дар бораи хуруҷи  COVID-19 меравад, ки ҳанӯз хавфи Мардуми Тоҷикистон бояд хотирҷамъ бошанд ва аз ин ҷо дуо кунанд, то ки Худованди азза ва ҷалл ҳарчӣ зудтар ин балову вабову хатарро бартараф кунад ва  фарз ё ҳарам дубора барои мусулмонон  кушода шавад», —  изҳор дошт муфтӣ.

Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт, ин бори аввал не, балки   дар тӯли таърих маротибаи  панҷум аст, ки ҳаҷ кардан барои мусалмонон дар ҳарам ё ин ки Каъбатулло манъ карда мешавад.  Бори панҷум соли 2020  чунин ҳолат ба вуҷуд омад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маслиҳат дод, онҳое,  ки нияти ҳаҷ  намуда,  сафархарҷиашонро ҷамъ намудаанд, хуб мешавад, агар  он маблағро  барои ободонии манзили зисти хеш ва  атроф сарф намуда, ба оилаҳои камбизоату ниёзанд, инчунин шахсони маъюбу ятим дасти кӯмак дароз кунанд.

Тавре аз  як ҳадиси Пайғомбари ислом (с.а.с) мисол овард, ки дар он омадааст: «Агар мехоҳед, ки Худованди азза ва ҷалла ба шумо саодати доимӣ биёрад, ҳамеша дастгири ниёзмандон бошед ва барои саодатмандии дигарон саъю талош ва кумак кунед».  Яъне бояд   мусулмон корҳои хайр ва садақаҳои ҷорияе анҷом диҳад, то ин ки ба мақсадҳои аслӣ ва саодати абадӣ бирасад.

«Ман аз ҳамаи онҳое, ки азми сафари муборак карда буданд, хоҳиш мекунам маблағҳои  пасандозашонро, ки дар даст доранд, барои ободонӣ ё корҳои хайр анҷом бидиҳанд ва  фурсатро ғанимат дониста, аз ин савоб худро маҳрум насозанд»,- таъкид намуд муфтӣ.

Ёдовар мешавем, ки  Арабистони Саудӣ рӯзи шанбе, 12 июн эълом дошт, ки ба 60 ҳазор сокинони алайҳи Covid-19 эмгузаронишуда соли равон барои адои маросими ҳаҷ иҷозат медиҳад. Аммо, соли дуюм аст, ки пайдарпай ба мусалмонони хориҷӣ барои адои маросими ҳаҷ иҷозат дода намешавад. Шоҳигарӣ изҳор доштааст, ки кишварҳои дигарро аз тасмимаш дар мавриди роҳ надодани зоирон аз кишварҳои хориҷӣ огоҳ кардааст.

Дар изҳороти Вазорати умури ҳаҷ, ки агентии  иттилоотии расмии Арабистони Саудӣ аз он иқтибос овардааст, гуфта шудааст, ки сафари ҳаҷ, ки моҳи июл ба нақша гирифта шудааст, ба одамони  аз 18 то 65-сола, ки бо ваксинаҳо эм шудаанд ва мубталои бемориҳои музмин намебошанд, иҷозат дода мешавад. Хоҳишмандони адои маросими ҳаҷ бояд дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунад.

Дар маросими ҳаҷҷи соли гузашта танҳо 10 000 нафар ширкат намуданд, ки 70% онҳо хориҷиён ва 30% — саудиҳо буданд. Соли 2019, дар маросими панҷрӯзаи солонаи ҳаҷ 2,5 миллион нафар зоирон ширкат варзиданд. Ҳаҷи акбар ва ҳаҷи умра, ки тамоми сол идома меёбад, дар шакли муқаррарӣ ҳар сол ба Арабистони Саудӣ тақрибан 12 миллиард доллар фоида меорад.

Моҳи октябри соли гузашта, ин кишвар тадбирҳои маҳдудкунандаро сабук кард ва бо гузашти ҳафт моҳ бори аввал Масҷиди бузургро барои адои намоз боз кард ва ҳаҷҷи солонаи умраро қисман иҷозат дод.

Маҳдудият барои шумораи ҳоҷиёни умра дар як рӯз 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва дар ҳамин ҳол 60 ҳазор муъминон метавонанд намозҳои ҳаррӯзаро дар масҷид бигузоранд.

Арабистони Саудӣ аз 1 август доштани санади эмгузаронишуданро барои вуруд ба муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҷойҳои фароғатӣ ва инчунин истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ ҳатмӣ мекунад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE