Гармхонаҳои Парки инноватсионии ноҳияи Дарвоз истеҳсоли сабзавотро ба 10 тонна расониданд
Парки инноватсионии саноатию технологии Дарвоз нахустин парки дорои пешрафтарин технологияи соҳаи кишоварзӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Парки мазкур соли гузашта ба маблағи 1 миллиону 168 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»
Дар баробари дигар корхонаҳои муосир Парки инноватсионии саноатию технологии «Дарвоз» дорои ду гармхонаи замонавӣ аст, ки ба парвариши маҳсулоти барвақтӣ, аз қабили помидору бодиринг машғуланд. Мутахассиси соҳибтаҷриба Ислом Ҳозиров се сол аст, ки ба парвариши маҳсулоти гармхона шуғл меварзад ва бо истифода аз технологияи муосири кишоварзӣ талош мекунад, то ҳосилнокиро дар шароити ҳавои сард ва замини ками Бадахшон ҳарчӣ бештар баланд бардорад.
Ба гуфтаи Ислом Ҳозиров, «тараққиёти босуръати илму техника мо, кишоварзонро имрӯз воқеан ба ҳайрат гузоштааст. Ҳар деҳқон агар агротехникаи заминро дар чунин гармхонаҳо дуруст истифода барад, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда метавонад ва на танҳо дӯкону бозори ноҳия, балки бозорҳои шаҳри Хоруғ ва ҳатто маркази ҷумҳуриро низ бо сабзавоти тару тоза таъмин кардан мумкин аст».