Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иди Сада бошукӯҳ таҷлил карда шуд
Бахшида ба иди Сада дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинии бошукӯҳ доир гардид. Меҳмонон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки аз ҷониби аҳли заҳмат ба намоиш гузошта шуда буданд, дидан намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Дар чорабинӣ тазаккур дода шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои неки фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои фарҳангию суннатии ниёгонамон, ки таърихи зиёда аз панҷҳазорсола доранд, аз нав эҳё гардида, дар ҳаёти мардуми соҳибфарҳангу тамаддунофари тоҷик мавқеи шоиста ва ҷойгоҳи махсус касб намудаанд.
Яке аз чунин суннатҳои хоси мардуми ориёитабор ва ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик Сада маҳсуб ёфта, таҷлили он ҳамасола дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст.
Ба таъкиди донишмандон, Сада мисли Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои миллӣ ба шумор рафта, онро ҳар сол мардуми тоҷик бо як шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегиранд.