Ҳайати департаменти ҳуқуқии Хазинаи байналмилалии асъор аз Тоҷикистон боздид кард

Сафари расмии ҳайати департаменти ҳуқуқии Хазинаи байналмилалии асъор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 6 то 10 феврал идома дошт, анҷом ёфт. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ додданд, ки ҳадафи сафари ҳайати департаменти ҳуқуқии Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон мукаммал намудани низоми қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом буд.

Дар доираи кумаки техникии Хазинаи байналмилалии асъор коршиносони байналмилалӣ якҷо бо мақомоти марбутаи ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом кор бурда истодаанд. Бо дастгирии коршиносон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» дар таҳрири нав таҳия гардида, моҳи январи соли равон аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат қабул гардид.

Интизор меравад, ки баъди мавриди амал қарор гирифтани ин қонун тағйиру иловаҳо дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон ворид карда шаванд. Бо ин мақсад дар Бонки миллии Тоҷикистон коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори бонк ва мақомоти марбутаи мамлакат, аз қабили вазоратҳои адлия, молия, корҳои хориҷӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ вохӯриҳо анҷом доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE