25 сентябр дар Академияи миллии илмҳо Рӯзи дарҳои кушода гузаронида мешавад

 25 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушодаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тавре дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд,  барои ҷалби хонандагони болаёқати синфҳои 7-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номнавис гардидани хонандагон ба бахшҳои мушаххаси фаннии Академияи хурди илмҳо Рӯзи дарҳои кушода баргузор мешавад.

Ҳадаф аз ҷалби наврасон ба чорабиниҳои Академияи хурди илмҳо, қабл аз ҳама, дарёфти нафарони боистеъдод ва болаёқат миёни ин қишри ҷомеа мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE