Тармафароӣ дар роҳи Душанбе-Чанок боиси қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт гардид
Боронҳои беист ва бо сабаби гармшавии ҳаво афзудани тармафароӣ зарурати бо фосилаи нисбатан кам қатъ намудани ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе — Чаноқро пеш оварданд. Дар ин хусус дар Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз бинобар бартарафсозии тармаҳо давоми 1 соат ду маротиба гузариши мошинҳо манъ карда шуд.
«Бояд дар мадди назар дошт, ки дар қиёс ба рӯзҳои қаблӣ хавфи тармафароӣ хеле зиёд аст. Имрӯз теъдоди онҳо аз 10 — то гузашта, ин раванд бардавом мебошад. Дар айни замон бинобар омилҳои гуфташуда ҳаракати нақлиёт, хосса мошинҳои боркаши ядакдор ва фураҳо маҳдуд карда шудааст»,- гузориш доданд дар филиали мазкур.
Ширкат аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки моҳияти иқдоми мазкур — таъмини бехатарии онҳо ҳангоми убури роҳи Душанбе — Чаноқро дарк намуда, зимни ҳаракат бодиққат бошанд.