“БАРҚИ ТОҶИК” ДАР МУРОҶИАТНОМАИ ХУД АЗ МАҲДУДИЯТИ НАВ ГУФТ
Ширкати «Барқи тоҷик» бо ирсоли як муроҷиатнома ба мардуми Тоҷикистон аз маҳдудияти дигарбора дар самти интиқоли нерӯи бар ба сокинон гуфт.
Дар матни муроҷиатнома, ки ба дасти сомонаи мо расид, гуфта мешавад, ки бо далели камшавии оби дарёҳо ширкат маҷбур аст дар самти интиқоли барқ ба аҳолӣ дигарбора маҳдудият ҷорӣ кунад.
МУРОҶИАТНОМАИ
ШИРКАТИ «БАРҚИ ТОҶИК» БА МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз!
Дар мамлакати мо манбаи асосии истеҳсоли нерӯи барқ оби дарёҳо ба ҳисоб рафта, ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли он аз рӯи захираҳои об дар авали сол ба нақша гирифта мешавад. Ин дар ҳолест, ки захира кардани об дар обанборҳо дар фасли баҳор оғозгардида, дар фаслитобистон ба анҷом мерасад. Маҷрои оби дарёҳо ва вобаста ба он захира намудани об дар обанборҳо ба тағйирёбии иқлим, шароити обу ҳаво ва омилҳои дигари табиӣ алоқамандии бевосита дошта, пешгӯии ҳолат ва сатҳи оби дарёҳо хеле душвор мебошад.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, маҳз бо таъсири омилҳои зикршуда, яъне камшавии захираҳои об дар ҳавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш дар соли сипаришуда ба нақшаи таъмини соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат бо нерӯи барқ мушкилоти зиёд овард. Вобаста ба ин, ҳанӯз 28 июли соли 2020 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Муроҷиатнома ба мардуми Тоҷикистон” сокинони мамлакатро ба яке аз роҳҳои асосии ҳалли мушкилоти баамаломада – сарфакории нерӯи барқ даъват намуд.
Дар баробари ин, аз тарафи Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” низ ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти миллӣ ба барқ як қатор чораҳои таъҷилӣ андешида шуданд. Аввалан, пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя қатъ карда шуд.
Бо сабаби сардиҳои шадиди оғози фасли зимистон ва тӯлонӣ пешбинӣ шудани сардиҳои имсола, хавфи нарасидани захираи об то охири зимистон дар обанбори нерӯгоҳи барқӣ – обии “Норак” пеш омадааст. Ҳоло сатҳи обанбори нерӯгоҳи барқӣ – обии “Норак”дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чор метр паст аст.
Дар Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ иқтидорҳои нави энергетикӣ бунёд ва як силсила нерӯгоҳҳои мавҷуда таҷдиду навсозӣ карда шуданд.Валезахираиоб дар кишвари мо тоҳанӯзфақатҳамин обанбори нерӯгоҳи барқӣ – обии “Норак” мебошад. Илова бар ин, Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе, ки он бо муваффақият фаъолият дорад ва ду агрегати нерӯгоҳи “Роғун” муназзам кор карда истодаанд. Вале дар баробари ин талабот ба барқ дар мамлакат сол то сол меафзояд.
Ҳоло вазъият ҷиддист ва эҳтимоли то баҳор нарасидани захираҳои об ба миён омадааст. Аз инрӯ, лозим меояд, ки чанд муддат дар кишвар – дар он мавзеъҳое, ки биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, интиқоли барқ маҳдуд карда шавад. Маҳдудият аз рӯзи 5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23:00 шаб то соати 06:00 субҳ идома меёбад. Мо бовар дорем, ки ҳамватанони гиромӣ моро дуруст мефаҳманд, ки ин тадбир аз рӯи зарурат мебошад. Мақсад аз он пешгирӣ намудан аз пурра сарф шудани захираҳои об буда, дар сурати гарм омадани моҳҳои минбаъдаи зимистон, зиёд гардидани сатҳи об дар маҷрои дарёиВахш ва захираи оби обанбори “Норак” имкони бекор кардани маҳдудият ба назар гирифта шудааст.
Ширкати “Барқи Тоҷик” ҳеҷ гоҳ хоҳишманди маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бе барқ гузоштани мардум нест. Вале имрӯз вазъият ҳаминро тақозо менамояд. Аз ҳамаи муштариён хоҳиш менамоем, ки дар ин вазъият низ дар ҷои кор ва дар манзилҳои истиқоматии худ аз барқ сарфакорона истифода баранд ва дар бобати таъмини бештари кишвар бо нерӯи барқ саҳми худро гузоранд.
Ширкати “Барқи Тоҷик”