Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Қонун «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ», лоиҳаҳои Қонун «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ва «Дар бораи хариди давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин хусус котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.
Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор шуд. Таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо мақсади мутобиқ гардонидан ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» таҳия шудааст.
Иброз дошта шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ба хотири ҷорӣ намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ ва истифодаи васеи имзоҳои электронӣ дар раванди ҳуҷҷатгузориҳои давлатӣ, молиявию бонкӣ, андозу гумрук ва дигар соҳаҳо таҳия гардидааст.
Ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии рақамиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» аз 10 майи соли 2002 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30 июли соли 2007-ро танзим менамояд.
Зимни баррасии масъалаи ниҳоии рӯзнома -лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» зикр гардид, ки санади мазкур аз ҷониби Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузории хариди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ ва мутобиқ намудани он ба меъёр ва стандартҳои байналмилалӣ, ки аз уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо» ва ҳамроҳ будан ба Протокол миёни давлатҳо-иштирокчиёни Шартнома оид ба минтақаи савдои озод аз 18 октябри соли 2011 дар бораи қоидаҳо ва расмиёти танзими хариди давлатӣ бармеоянд, пешниҳод шудааст.
Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Солеҳзода, муовини Директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримӣ, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода, вакилони мардумӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ва Рустам Раҳматзода муаррифӣ намуданд.