Дар Туркия теъдоди ҳалокшудагон бар асари заминларза ба 40 ҳазор нафар расид

Шумораи ҳалокшудагон бар асари заминларзаи харобиовар дар Туркия қариб ба 40 ҳазор нафар расид. Дар ин хусус рӯзи ҷумъа Раёсати ҳукуматӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Туркия хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Мувофиқи маълумоти охирин, дар умум дар натиҷаи заминларзаҳо дар Қаҳрамонмараш, Ғозиёнтеппа, Шанлиурфа, Диёрбоқир, Одон, Адияман, Усмониё, Ҳатай, Килис, Малатиёр ва Элязиг 39672 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар минтақа пас аз зилзилаи аввал беш аз 4,7 ҳазор заминларзаи такрорӣ рух додааст», — иттилоъ медиҳад агентӣ.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE