Дар Палатаи савдо ва саноати Россия намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон баргузор шуд

5 декабр дар Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар доданд.

Дар чорабинии сатҳи баланд Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин, намояндагони палатаҳои савдо ва саноати ду тараф, ташкилоту идораҳои давлатии Тоҷикистон ва Россия, соҳибкорону тоҷирон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сармоягузорон иштирок намуданд.

Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин зимни суханронии худ аз сафари кориаш ба вилояти Суғд ёдовар шуда, ташкили намоиши маҳсулот ва муаррифии имкониятҳои вилояти Суғд дар шаҳри Москваро қадами навбатӣ дар роҳи рушди муносибатҳои дӯстона арзёбӣ кард.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода низ дар навбати худ таҳкими муносибатҳои минтақавӣ миёни ду кишварро муҳим хонд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин равобити миёни Тоҷикистон ва Россия дар сатҳи баланд қарор дорад. Дар зимн, оид ба фазои мусоиди сармоягузорӣ, дастовардҳои вилояти Суғд ва амалисозии тарҳҳои муштарак бо иштироки сармоягузории шарикон аз Федератсияи Россия ба ҳозирин маълумот манзур гардида, соҳибкорони тоҷики муқими Россия, инчунин доираҳои тиҷоратии кишвари иқомат ба ҳамкории фаъолона даъват карда шуданд.

Узви Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохтори давлатии кишвари иқомат Александр Башкин зимни суханрониаш аз рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кард.

Ҳамчунин дар назди ҳозирин раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Россия Ислом Назаралиев суханронӣ намуда, роҷеъ ба ҳамкориҳои ду кишвар, ба вежа дар соҳаҳои иқтисоду савдо ибрози назар намуд.

Сипас, доир ба фазои сармоягузорӣ ва захираву имкониятҳои вилояти Суғд сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов ба соҳибкорону сармоягузорон маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Ҳамзамон миёни иштирокдорони чорабинӣ суҳбати мубоҳисавӣ ороста шуд.

Худи ҳамон рӯз дар Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия ҷаласаи Шӯрои соҳибкорон таҳти унвони «Суғд-Федератсияи Россия» баргузор гардид. Дар ин нишаст намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Россия ширкат варзиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE