Кӯмаки Пешвои миллат ба зарардидагони офати табии дар ВМКБ
Кӯмаки авалиндараҷа ба оилаҳое, ки наздиконашонро санаи 15 феврали соли 2023 бар асари офати табиӣ дар маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғ аз даст доданд ба андозаи 40 ҳазор сомонӣ ва сокиноне, ки бар асари тарма зарари ҷисмонӣ бардоштанд 10 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадомашон ба намояндагӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва аъзои гурӯҳи корӣ дастрас карда шуд. Зимни супоридани кӯмаки Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинон аз ин ғамхории навбатии Роҳбарияти Олии мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, шукргузорӣ аз ин фазои ободу осуда ва кишвари биҳиштосо менамоянд