13 сол қабл ба Иди Наврўз мақоми байналмилалӣ дода шуд
13 сол қабл, 23 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ дода шуд. Тибқи маълумоти расмӣ, Наврӯз ҳоло дар 13 мамлакати ҷаҳон чун иди расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат таҷлил карда мешавад.
Наврӯз яке аз ҷашнҳоест, ки таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Дар ҷаласаи 64-уми Маҷмаи умумии СММ бо пешниҳоди якчанд давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, ки меросдори ин ҷашн аст, 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Дар он рӯз собиқ Дабири кули СММ Пан Ги Мун чунин иброз дошт: «Аз ҷониби СММ чун рӯзи байналхалқӣ эътироф гардидани Наврӯз аз дарки бештари аҳамияти ин ҷашн на танҳо дар минтақаҳое, ки онро таҷлил менамоянд, балки дар саросари ҷаҳон шаҳодат медиҳад».