Президенти нави Ветнам Во Ван Тхионг интихоб шуд
Маҷлиси миллии (парламенти) Ветнам номзадии узви бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ Во Ван Тхионгро ба вазифаи президенти мамлакат баррасӣ намуд ва маъқул донист. Дар ин хусус 2 март дар сомонаи интернетии ҳукумати Ветнам хабар дода шудааст, иттилоъ медиҳад бо истинод ба АЗЕРТАҶ.
Баъд аз тасдиқ шудан ба вазифа президенти нави Ветнам дар назди вакилони парлумон савганд ёд кард.
Қаблан, 18 январ сарвазири Ветнам Во Тхи Ан Суан иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президенти мамлакат таъйин шуда буд.