СУТ: СОЛИ 2021 – РО НИГАРОНИҲОИ НАВ ДАР ПЕШ АСТ

Роҳбарияти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳор доштааст, ки соли 2021 ҷаҳон бо тағйиротҳои нав аз ҷумла дар робита ба коронавирус рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Дар ин бора Тедрос Аданом Гебрейсус, роҳбари ин созмон зимни нишасти хабарӣ дар Женева изҳор дошт.

Тибқи суханони манбаъ, соли оянда мушкилоти нав, аз ҷумла навъҳои дигари Ковид – 19 пешгуӣ мешаванд. Ғайр аз ин, Гебрейсус ба зарурати расонидани кӯмак ба нафароне, ки аз пандемия зарар дидаанд, таъкид кардааст.

Роҳбарияти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳамчунин аз тамоми кишварҳои узви СММ даъват ба амал овардааст, ки мубодилаи иттилоотро дар робита ба пандемия ба роҳ монанд.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE