М.Зариф: Созиши ҳастаӣ қобили музокираи дигарбора нест

Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф таъкид кардааст, ки Ҷумҳурии исломӣ дар бораи созиши ҳастаии соли 2015 гуфтугӯ нахоҳад кард. Номбурда дар саҳифааш дар “Твиттер” навиштааст, ки “созиши ҳастаӣ қобили музокираи дигарбора нест”.Мавриди зикр аст, ки Эрон пас аз хориҷ шудани Вашингтон аз ин созишнома бо дастури собиқ президенти ИМА Доналд Трамп, зина ба зина аз иҷрои баъзе бандҳои ин созишнома худдорӣ кард. Айни ҳол, ки ҳукумати Америка дигар шуд, Теҳрон бекор кардани таҳримҳои Вашингтон ба муқобили кишварашро шарти асосии бозгашт ба музокирот арзёбӣ мекунад. Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф қаблан ҳам чанд маротиба дар паёмҳои гуногуни худ бо ишора ба ин мавзӯъ гуфта буд, ки иҷрои ин созишнома аз ҷониби ҳар ду тараф бояд роҳандозӣ шавад.

Зоириён Бахтиёр

САДОИ ДУШАНБЕ

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE