Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад

Тағйирёбии иқлим танҳо дар Олмон метавонад то соли 2050 беш аз 900 миллиард евро зарар расонад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ иттилоъ медиҳад, дар ин хусус 6 март рӯзномаи олмонии Handelsblatt навиштааст.

Дар тадқиқоте, ки Институти тадқиқоти экологӣ ва иқтисодӣ (ZEW), Ҷамъияти тадқиқоти сохтории иқтисодӣ (GWS) ва институти таҳлилии Швейтсария Prognos AG болои он кор кардаанд, хароҷот аз рӯи сенарияҳои гуногун ҳисоб карда мешавад. Вобаста ба миқёси гармшавии глобалӣ, коршиносон интизоранд, ки дар байни солҳои 2022 ва 2050 иқтисоди Олмон аз 280 то беш аз 900 миллиард евро зарар мебинад.

«Тағйирёбии иқлим аллакай имрӯз оқибатҳои ҷиддии иқтисодӣ дорад, ки метавонад ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад,- иброз намуд котиби давлатии назди вазири иқтисод ва ҳифзи иқлим Штефан Вентсел.  — Ҳар як еврое, ки барои ҳифзи иқлим сармоягузорӣ мешавад, хароҷоти иқтисодиеро, ки дар оянда бар асари ҳодисаҳои табиӣ ба вуҷуд меоянд, коҳиш медиҳад».

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE