Дар Душанбе мусобиқаи кушоди Осиёи Марказӣ оид ба каратэ-киокушинкай баргузор гардид…

Дар Душанбе мусобиқаи кушоди Осиёи Марказӣ оид ба каратэ-киокушинкай баргузор гардид

Имрӯз, дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Мусобиқаи кушоди Осиёи Марказӣ оид ба каратэ-киокушинкай бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур 13 ноябри соли 2026 оғоз гардида, дар он варзишгарон аз 8 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.

Ҳадафи баргузории мусобиқа таҳкими дӯстиву ҳамкории варзишӣ миёни кишварҳои минтақа, рушди намуди варзиши каратэ-киокушинкай, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муаррифии маҳорати варзишгарон мебошад.

Мусобиқа то анҷоми марҳилаҳои пешбинишуда идома ёфта, ғолибону ҷоизадорон муайян карда мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE