Дар Кӯлоб даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид
11 июн дар назди Қасри фарҳанги ба номи Рустам Абдураҳими шаҳри Кӯлоб ҷамъомади идона бахшида ба ташрифи «Корвони Модарони ваҳдатсаро» ва ҷамъбасти даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Меҳмонон нахуст аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гудӯзию чакандӯзӣ, заргарӣ, наққошӣ ва дигар маҳсули дастии ҳунармандони шаҳру деҳот ва ташкилоту муассисаҳои касбӣ – техникии шаҳри Кӯлоб дидан намуданд. Дар намоишгоҳ намунаҳои сершумори ин санъати бостонии тоҷикон, аз ҷумла дӯхти либосҳои гуногуни мардумии чакан, ҳамчунин лавозимоти рӯзгор- сӯзанӣ, болишт, зардеворӣ, гаҳворапӯш ба тамошо гузошта шуданд.
Сипас дар толори Қасри фарҳанг барномаи идона оғоз гардид, ки нахуст Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода меҳмононро хайрамақдам гуфт.
— Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумии дорои таърихи ниҳоят куҳан буда, баргузор намудани Фестивали «Сад ранги чакан» муҳаббати мардумро нисбат ба либосҳои миллӣ зиёдтар менамояд. Чакан, пеш аз ҳама, рамзи баҳор буда, гулдухтарони тоҷик онро дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр, тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар менамоянд, — гуфт Бахтиёр Назарзода.
Муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ зикр намуд, ки «Баргузории Фестивали «Сад ранги чакан» яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму оинҳои миллию мардумии халқи тоҷик мебошад. Дар доираи онҳо тарроҳону ҳунармандон, чакандӯзону наққошон ва аҳли илму фарҳанг маҳсули эҷоди хешро ба тамошо мегузоранд ва ба ин васила ба ҳунари бонувон арҷ гузошта мешавад».