Моҳи апрел Президенти Туркманистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад

Моҳи апрел соли равон Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Масъалаи омодагӣ ба сафари мазкур 8 март дар шаҳри Душанбе зимни музокироти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баррасӣ гардид. Дар ин хусус дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистонро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ намуда, доир ба ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

«Диққати махсус ба ҷараёни омодагӣ ба сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар нимаи аввали моҳи апрели соли 2023 пешбинӣ шудааст, зоҳир карда шуд», — омадааст дар хабари вазорат.


Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Аралро, ки моҳи сентябри соли 2023 дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Хотиррасон мешавем, ки нимаи дуюми рӯзи 8 март муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон/манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE