Тоҷикистон ва Сербия ҳамкориро дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш тақвият медиҳанд
Дар доираи Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо Вазири кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Сербия Зоран Гаич вохӯрӣ намуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ба ҳамкории минбаъдаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Сербия ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду густариши муносибатҳо бо ташкилоте, ки ба рушди соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш равона шудаанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Ҳамзамон аз сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ шуда, барои густариш ва таҳкими бештари ҳамкорӣ изҳори умедворӣ карда шуд.