80 ҷавони синни даъватӣ дар Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода касби ронандагӣ меомӯзад

 Барои омода намудани ронандагони мутахассис дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 80 ҷавони синни даъватӣ касби ронандагии дараҷаи «С» ва «С-аккумуляторчӣ» хонда истодааст. Аз ин шумора 30 нафар аз шаҳри Турсунзода, 30 нафар аз шаҳри Ҳисор ва 20 нафар аз ноҳияи Шаҳринав мебошад, ки дар маъракаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ шомил мегарданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода гуфтанд, ки «имрӯзҳо аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 100 ҷавони синни даъватӣ аз рӯйи касби мутахассис — ронандаи дараҷаи «С» дар Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳр таҳсил ва дар иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳри Турсунзода нақши асосӣ доранд».

Ҳамчунин мувофиқи иттилои масъулини шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор, тибқи нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар фасли баҳор аз ҳисоби Вазорати мудофиа  ва мақомоти иҷроия дар шаҳри Ваҳдат 120 даъватшаванда  ва дар шаҳри Ҳисор аз ҳисоби мақомоти иҷроия 85 ҷавони синни даъватӣ дар давраи омӯзишӣ ҳамчун мутахассис-ронандаи мошинҳои гаронвазн иштирок доранд. Онҳо ҳамчун мутахассис дар даъвати ҳарбии баҳорӣ ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ шомил мегарданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE