Рамазон Раҳимзода дар ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии СҲШ иштирок намуд
18 августи соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, ки дар кори он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок намуд. Дар ин бора дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа вазирон ва намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви СҲШ, инчунин мақомоти доимии СҲШ, намояндагони давлатҳои нозири СҲШ- Ҷумҳурии Исломии Эрон, Беларус, Муғулистон ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ИНТЕРПОЛ, БҲМЗҶМ (БКБОП), Маркази зиддитеррористии ИДМ ширкат доштанд.
Зимни вохӯрӣ вазирони корҳои дохилӣ дар фазои ошкоро ва дӯстона доир ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм, мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ табодули афкор намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа хостори тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи СҲШ тавассути вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узв бо назардошти афзояндаи бесуботӣ дар арсаи байналмилалӣ шуданд.
Таъкид шуд, ки густариши ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, ҳамчунин дар заминаи ҳифзи сулҳу субот ва амният дар фазои СҲШ афзалиятнок ва муҳим аст.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки «мо бояд кӯшишҳои худро дар якҷоягӣ бар зидди се зуҳуроти номатлуб — терроризм, экстремизм ва сепаратизм равона намоем, зеро ин хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи тамоми ҷаҳон, аз ҷумла ба фазои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳдид менамоянд. Тоҷикистон бо шарофати чораҳои саривақтӣ ва инчунин ҳамкорию ҳамоҳангии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст».
Зикр гардид, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир ҳамеша омодаи ҳамкорист.
Дар ҷараёни ҷаласа вазирон якдилона аҳамияти муколамаи ошкоро ва ҳамкории амалӣ дар заминаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро таъкид карданд.
Дар хотима аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа Протокол ба имзо расид.
Ҳамчунин дар доираи баргузории ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон Улан Ниязбеков, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Ахмеджанов ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ҳиндустон Нитянанд Рай баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҷустуҷӯи ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва амнияти иттилоотӣ, инчунин омода намудани кадрҳои баландихтисос мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин ҷонибҳо роҷеъ ба рушду густариш додани ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.