11-12 апрел дар Тоҷикистон омадани сел боқӣ мемонад

Апрель 11, 2023 11:44

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, 11-12 апрел бинобар идома ёфтани бориш хатари фаромадани сел дар маҳалҳои кӯҳиву наздикӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боқӣ мемонад. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон муроҷиат мекунад, ки эҳтиёткор бошанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик дар дарёҳои Яхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, хатари баланд шудани сатҳи об, ҷараёни резиши сангҳо, лағзиши замин ва таҳдиди барф ба амал меояд.

Кумитаи мазкур бори дигар ба сокинон ва меҳмонони мамлакат муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба обанборҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайругаштҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ҳангоми ҳаракат аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, дар ин рӯзҳо аз ҷамъоварии занбурӯғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд. Илова бар ин тоза кардани сою дарёҳо, каналҳо ва дигар обанборҳои обиро, ки дар наздикӣ ва ё ҳудуди маҳалли зисти онҳо ҷойгиранд, анҷом диҳанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE