Бонки миллии Тоҷикистон ба «Амонатбонк» иҷозатнома дод

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тавассути азнавбарасмиятдарорӣ барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ин тасмим мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» гирифта шудааст.

Зимни супоридани иҷозатнома ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таъкид карда шуд, ки минбаъд ба боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии молиявӣ, мусоидат ба миёнаравии молиявӣ дар ҷумҳурӣ, зиёд намудани пешниҳоди қарз, бахусус дар минтақаҳои дурдасти мамлакат ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда шавад.

Ҳамзамон барои идомаи фаъолияти пурсамар, амалӣ намудани нақшаҳо ҷиҳати таҳкими  рушди низоми бонкии мамлакат, ҳамкории судманд дар самти  дастгирии ҳамаҷонибаи низоми бонкии мамлакат уҳдадориҳои  бонк таъкид  карда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE