742 корхонаи саноатии Душанбе ба миқдори беш аз 3 миллиард сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол намудаанд

Давоми 9 моҳи соли равон аз ҷониби 742 корхонаи саноатии шаҳри Душанбе, навобаста аз шакли моликияташон ба миқдори беш аз 3 миллиард сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ин дар самти пешбурди соҳа натиҷаи назаррас ба ҳисоб меравад. Дар ин хусус 26 октбяр зимни ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода иттилоъ дод.

Ҳоло муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 110 давлати ҷаҳон хуб ба роҳ монда шуда, баргузории ин гуна намоишгоҳ барои зиёд намудани  иқтидори истеҳсоливу содиротӣ ва мубодилаи таҷриба байни давлатҳои минтақа ва ҷаҳон  имконият фароҳам меорад.

Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар муҷтамаи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» ба кор оғоз намуд, ки дар он молу маҳсулоти зиёда аз 50 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, то 29 октябр идома меёбад.

Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода зимни маросими ифтитоҳ ҳадафи баргузории онро  намоиши дастовардҳо дар самтҳои мухталифи истеҳсолӣ, муаррифии молу хизматрасонии нав бо мақсади густариши фаъолияти иқтисодии хориҷии ширкатҳои ватанӣ, ҷалби сармоягузорон ба мамлакат, ҳамчунин бунёди корхонаҳои нав дар ҳудуди ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар заминаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ унвон намуд.

Иштироккунандагони намоишгоҳи байналмилалӣ истеҳсолкунандагони молу хизматрасонӣ аз Тоҷикистон, Русия, Беларус, Узбекистон, Чин, Покистон ва Туркия мебошанд.

Ҳамзамон дар намоишгоҳ намудҳои нави маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ ба намоиш гузошта шудааст, ки истеъмолкунандагон метавонанд бо сифати маҳсулоти нав истеҳсолшуда аз наздик шинос шуда, ба он  баҳо гузоранд.

Таъкид гардид, ки баргузории намоишгоҳ ба васеъ намудани ҷуғрофиёи фаъолияти иқтисодии хориҷии ширкатҳои иштироккунада ва таблиғи маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ нигаронида шуда, намоишгоҳ ба соҳибкорон имкони пайдо намудани шарикони нави тиҷоратиро фароҳам меорад.

Дар ин намоишгоҳ сокинон метавонанд маҳсулотро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE