Ҳайати парлумонии Ҷопон аз «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дидан намуд

Имрӯз ҳайати парлумонии Ҷопон таҳти роҳбарии Кейҷи Фуруя аз Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дидан намуда, дар маросими кушодашавии нуқтаи низоми мобилии томографияи компютерӣ ва маросими рӯнамои таҷҳизоти тиббии онкологӣ дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ (шуъбаи ташхиси рентгенеологӣ, ултрасадо ва эндосколӣ) иштирок кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи сиёсати фаъол баҳри беҳдошти сатҳи зисти аҳолӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёти кишвар ва ҳамгироии он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ тадбирҳои зарурӣ ва самаранок меандешад.

Дар назар аст, ки имрӯз Кейҷи Фуруя бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати энергетика ва «НБО Роғун» мулоқот намояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE