Пагоҳ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт Ниммарафони байналмилалӣ баргузор мешавад
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 апрел, соати 09:00 Ниммарафони XIII байналмилалии Душанбе баргузор мегардад. Аз ҳамаи бародаршаҳрҳои Душанбе давандагон ба ниммарафон даъват карда мешаванд, иттилоъ медиҳид АМИТ «Ховар».
Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқаи мазкур қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба имзо расид. Ниммарафони анъанавии байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, гузаронида мешавад.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи байналмилалии мазкур бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ доранд, баргузор мегардад.
Дар Ниммарафони Душанбе чун анъана, дар баробари варзишгарони тоҷик намояндагони Беларус, Канада, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон, Украина, Фаронса, Чин, ИМА, Эрон ва дигар давлатҳо иштирок менамоянд.
Бояд зикр кард, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба варзишгароне, ки дар Ниммарафони байналмилалии Душанбе байни мардон ва бонувон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро ишғол мекунанд, ҷоизапулӣ дода мешавад:
Ҷои 1: 39 200 сомонӣ;
Ҷои 2: 33 600 сомонӣ;
Ҷои 3: 28 000 сомонӣ;
Ҷои 4: 22 400 сомонӣ;
Ҷои 5: 20 160 сомонӣ;
Ҷои 6: 16 800 сомонӣ.
Ёдовар мешавем, ки 16 апрели соли 2022 бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе Ниммарафони XII байналмилалӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида буд. Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ доранд, аз қитъаҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё иштирок намуданд. Бояд иброз дошт, ки дар Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе-2022 дар баробари намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин беш аз 10 варзишгар аз 7 давлати хориҷӣ, аз қабили Қирғизистон, Узбекистон, Кения, Эфиопия ва дигар кишварҳо ширкат варзида буданд
Бояд гуфт, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар баробари Ниммарафони Душанбе инчунин дигар мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангиву оммавӣ ва озмунҳо баргузор карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»