Комроншоҳ Устопириён ҳам аз идомаи рақобатҳои Бозиҳои олимпӣ маҳрум шуд

Имрӯз, 28 июл дар доираи Бозиҳои олимпии Токио-2020 мусобиқа оид ба намуди гӯштини дзюдо дар вазни -90кг идома ёфт, ки дар он паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳ Устопириён қувваозмоӣ кард. Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз намояндаи Фаронса Аксел Клерҷет шикаст хӯрд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар дод.

Ҳамин тариқ, Комроншоҳ Устопириён чорумин варзишгари тоҷик мебошад, ки Бозиҳои олимпии Токиоро ҷамъбаст намуд. Рӯзҳои қаблӣ Шаббос Негматуллоев дар намуди бокс, Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов дар намуди дзюдо иштирокашонро дар чорабинии сатҳи баланди варзишӣ анҷом доданд.

Хотиррасон мешавем, ки мусобиқа оид ба намуди гӯштини дзюдо, ки 24 июл оғоз гардида буд, то 31 июл идома меёбад. 30 июл паҳлавони дигари маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100кг гӯштин мегирад.

Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ҷараён доранд. Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Ҷопон бо гирифтани 11 медали тилло, 4 нуқра, 5 биринҷӣ дар ҷои аввал аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 10 медали тилло, 10 нуқра ва 9 биринҷӣ дар ҷои дуюм мебошад. Дастаи мунтахаби Чин бо 10 медали тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ, дастаи мунтахаби олимпии Корея бо 7 медали тилло, 7 нуқра, 4 биринҷӣ ва дастаи мунтахаби Австралия бо 6 медали тилло, 1 нуқра ва 9 биринҷӣ дар панҷгонаи аввал мавқеъ гирифтаанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE