Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Таиланд меравад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии сармураббии нав Пайрав Воҳидов дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021», ки аз 25 то 30 июл дар шаҳри Бангкоки Таиланд баргузор мешавад, ширкат меварзад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба ҷуз аз Тоҷикистон, дар мусобиқаи мазкур 7 тими дигар, аз ҷумла Таиланд, Литва, Эрон, Ӯзбекистон, Миср, Мозамбик ва Косово низ иштирок мекунанд. Қуръакашии мусобиқа рӯзҳои наздик баргузор мешавад.
Барои тими мунтахаби Тоҷикистон ширкат дар ин мусобиқа марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 13 то 24 октябр баргузор мешавад, мегардад.