Дар шаҳри Турсунзода парвариши пахтаи навъи «лодос» ба роҳ монда мешавад

17 апрел дар хоҷагии деҳқонии «Самир»-и шаҳри Турсунзода, ки асосан ба парвариши тухмии босифати зироати кишоварзӣ, бахусус пахта машғул аст, ба парвариши тухмии пунбадонаи туркӣ бо номи «лодос» оғоз карда шуд.  Дар ин хусус   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри мазкур хабар медиҳад.

Тухмии пунбадонаи «лодос» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пахтакорони шаҳри Турсунзода дастрас гардида, кишти он ҳамчун таҷриба имсол дар майдони 50 гектар ба роҳ монда мешавад. Дар ҷараёни кишти пунбадона роҳбарияти  шаҳри Турсунзода ва собиқадорони соҳа иштирок намуда, ба кишоварзон маслиҳати муфид доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тухми пунбадонаи «лодос» ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ буда, дар натиҷаи парвариши босифати он метавон то 50 сентнер ҳосил рӯёнид.

Роҳбарияти хоҷагии деҳқонии «Самир» нақша дорад, ки тухми пунбадонаро зиёд намуда, ба таъмини минбаъдаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рушди соҳаи пахтакорӣ замина гузорад.

Дар маҷмуъ, тибқи дурнамо кишоварзони шаҳри Турсунзода ният доранд, ки дар майдони 1000 гектар пунбадона кишт кунанд. То имрӯз майдони киштшуда зиёда аз 500 гектарро ташкил медиҳад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Турсунзода

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE