Баргузории Фестивал-намоиши чорвои хушзот дар н.Бобоҷон Ғафуров
Имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фестивал-намоиши чорвои зотӣ баргузор гардида, чорводорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорвои калон ва хурди зотиро ба намоиш бароварданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини вазири кишоварзӣ Музаффар Мирзозода, аз фестивал-намоиш боздид намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳадаф аз ташкили намоиши чорвои зотӣ ин пеш аз ҳама зиёд намудани саршумори чорвои хушзот ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво мебошад.
Бо мақсади амалигардонии рушди устувори соҳаи чорводорӣ ва мусоидат намудан дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” қабул гардид, ки ба рушди соҳа мусоидат намуд.
Дар доираи амалишавии барномаи мазкур бунёду барқарорсозии фермаҳои чорводорӣ, фабрикаҳои парандапарварӣ, ҳавзҳои моҳипарварӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ давоми даҳ моҳи соли равон дар вилоят рушди соҳа таъмин гардида, ба ҳолати 1 декабр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон ба 724,2 ҳазор сар расид, ки нисбат ба соли гузашта 50 ҳазор сар зиёд мебошад. Ҳамзамон 1,7 миллион сар чорвои хурд, 5,4 миллион сар паранда, 8 866 сар асп мавҷуд аст.
Дар ин давра аз ҳисоби соҳаи чорводорӣ 59,4 ҳазор тонна гӯшт, аз ҷумла 16,3 ҳазор тонна гӯшти мурғ, 250,7 тонна шир, наздик 700 миллион дона тухм, 1503 тонна асал, 610 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол карда шудааст.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар оянда низ ташкил ва бунёди фермаҳои чорводорӣ, фабрикаҳои парандапарварӣ ва ҳавзҳои моҳипарварӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъол ва чорводорони беҳтарини вилоят туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.