Дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе ҳангоми холӣ намудани гази моеъ аз мошин сӯхтор ба амал омад
Имрӯз, 28 апрел, тахминан соати 15:30, дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Соро Ойл», воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, ҳангоми холӣ намудани гази моеъ аз мошин сӯхтор ба амал омад, ки аз тарафи кормандони хадамоти оташнишонӣ дар масоҳати аввалааш пурра хомӯш карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар натиҷаи ин сӯхтор як нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Зарар ва омилҳои сӯхтор аз ҷониби мутахассисон муайян карда мешавад.