Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот кард

26 декабри соли 2023 мулоқоти cафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Зоконӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати Корҳои Хориҷии мамлакат хабар доданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи равобити бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Теҳронро дар партави густариши муносибатҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE